Воскресенье, 5 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Ривояти пурмаъно (9)

Ривояти пурмаъно (9)

Хикояи тамсили (9)

Аллегорические рассказы
Ҳикояи тамсилӣ №9. Як мард писаре дошт, ки бисёр бадхуй ва дилозори падари худ буд. Ҳар вақте, ки падари худро озор медод, падар як мехро дар тани як дарахт мезад. Тани ин дарахт аз мех пур шуд ва рузе писар ба ин рафтори падар аҳамият дод ва аз ин кори худ хело пушаймон шуд ва ислоҳ шуд. Дигар ҳар руз ба падар меҳрубонӣ мекард ва падар дар ивази як меҳрубонию ҳурмати ӯ аз тани дарахт як-як мехҳоро меканд, хуллас, дар тани дарахт ягон мех намонд ва рузе падар писарро назди худ хонд ва ба ӯ гуфт: "Ман дар ивази ин амалҳои солеҳат ин мехҳоро аз тани дарахт кандам, лек нигоҳ кун - пайи он мехҳо дар тани дарахт мондааст". (Ҳарчанд, ки падару модар меҳрубону бахшоянда ҳастанд, мо бояд онҳоро наранҷонем, ки захми ин амaли бади мо дар дили онҳо мемондааст).