Воскресенье, 29 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Ривояти пурмаъно (8)

Ривояти пурмаъно (8)

Хикояи тамсили (8)

Аллегорические рассказы
Ҳикояи тамсилӣ №8. Марди сарватманде чор зан дошт ва зани чорумашро маҷнунвор дӯст медошту ҳамеша дар хизматаш буд. Зани сеюмиро низ дӯст медошт, аммо на ба андозаи зани чорум, бинобар ин, гоҳ гоҳе ба ӯ майлу рағбат нишон медод. Зани дуюмро бошад, танҳо дар ҳолатҳои зурурӣ ва ночормонданҳо ба наздаш мерафт. Аммо ба зани якум, бо вуҷуди он ки ӯ мардро аз ҳама бештар дӯст медошт ва ҳамеша дар фикри пойдории молу мулки ӯ буд, ҳеҷ таваҷҷӯҳе надошт. Мард бемор шуд ва эҳсос намуд, ки фурсати маргаш наздик шудааст, гуфт: ман соҳиби чор зан ҳастам ва намехоҳам, ки дар гӯр танҳо бошам. Аз ин рӯ, аз ҳамсари чорум, ки аз ҳама бештар дӯсташ медошт пурсид: Медонӣ, ки ман аз ҳама бештар туро дӯст медорам ва ба ҳамаи майлу рағбатҳоят бале мегӯям. Ман гумон намекунам, аз ин беморӣ ҷони солим бадар барам в