Суббота, 4 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Ривояти пурмаъно (16)

Ривояти пурмаъно (16)

Хикояи тамсили (16)

Аллегорические рассказы
Ҳикояи тамсилӣ №16. Як ҷавонмарде назди хирадманд меояд, ба амалҳои норавои худ иқрор мешавад ва мегуяд: -Ман дар назди одамон туро ғайбат кардам. Аз ту бахшиш пурсидан мехоҳам. Хирадманд тасмим мегирад, ки ба он ҷавонмард роҳи ростро нишон диҳад. Аз ҳамин сабаб, ба ӯ мефармояд: -Ба хонаат рав, парҳои болинатро бигир, ба болои бино баромада, онро ҳаво деҳ ва баъд назди ман биё. Ҷавон ба хонааш меравад, корҳои фармудаи хирадмандро иҷро мекунад ва баъд ба назди ӯ меояд. Ин навбат хирадманд мефармояд, ки акнун рафта, ҳамаи парҳои ҳавододаашро ҷамъ карда биёяд. Ҷавон ҳайрон мешавад ва каме ба фикр фуру меравад: -Акнун ман чӣ тавр ҳамаи онҳоро ҷамъ мекунам? Охир, он ҳама пароканда аст: яке дар як кунҷи шаҳр, дуюмин дар кунҷи дигар, сеюмин дар шохи дарахт ниҳон аст ва ғайра. Хирадманд ин ҳолати