Понедельник, 6 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Провайдери Интернет – расонандаи хизматхои Интернет

Провайдери Интернет – расонандаи хизматхои Интернет

Маълумот оиди интернет (шабакаи умумичахони)

Информационная технология
Шабакаи умумиҷаҳонӣ моли кист ва барои он кӣ маблағ медиҳад? Қоидаҳое, ки ба шабакаи Интернет дода шудаанд: Шабакаи глобалии компютерӣ, Шабакаи шабакаҳо, Шабакаи умумиҷаҳонӣ. Интернет системаи тақсимкунандаи номутамарказ мебошад, яъне дар он нуқтаҳои марказӣ мавҷуд нест. Қоидаҳои фаъолияти он стандартӣ карда шудаанд ва барои ҳама дастрас мебошанд. Аз нуқтаи назари техникӣ, Интернет иборат аз маҷмӯи шабакаҳои нисбатан хурде иборат аст, ки онҳо низ якхела нестанд. Интернет расман ба ягон шахси алоҳида тобеъ нест. Пардохти хароҷот барои дар ҳолати фаъол нигоҳ доштани каналҳои кӯҳна ба ӯҳдаи истифодабарандагон гузошта шудааст. Хароҷот барои ба роҳ мондани каналҳои навро бошад ҳукуматҳо, ширкатҳои азими телекоммуникатсионӣ, фондҳои маблағгузорӣ ба ӯҳда доранд. Барои чӣ шабакаро донистан зарур а