Воскресенье, 5 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Пайдоиши созмонхои ичтимои

Пайдоиши созмонхои ичтимои

Муносибатхои хочагидори дар чомеаи ибтидои

Экономика
1.Фаъолияти хоҷагидории мардум дар давраи ибтидоӣ; 2.Давраҳои таърихии ҷомеаи ибтидоӣ; 3.Пайдоиши созмонҳои иҷтимоӣ. Тамоми халқҳои ҷаҳон марҳилаи сохти иҷтимоӣ ҷамоавиро тай намудаанд. Мардуми тоҷик роҳи дуру дарози рушду нумӯъро аз шаклҳои ҷомеаи ибтидоӣ то ташкил намудани давлатҳо аз сар гузаронидаанд. Мувофиқи ҳисобу китоби донишмандони муосир ин давра сад ҳазор солро дар бар мегирифт ва ин навъ марҳаларо ҳамаи халқҳо тай намудаанд. Илми муосир фарзияи мазкурро тасдиқ ва ё инкор карда наметавонад. Зиндагии мардум дар ҷомеаи ибтидоӣ аз муҳити атроф ҳодисаҳои табиӣ, боду ҳаво, ҳайвоноти ваҳшӣ ва ғайра сахт вобаста буд. Одамони ибтидоӣ олоти меҳнати соддае доштанд, ки он моликияти хусусии умумии онҳо буд. Мақсади асосии онҳо дар таъмини рӯзгор зинда мондан буд. Дар ин давра мардум парвари