Пятница, 3 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Панду андарзхои ниёгон аз сомонаи infopage.tj

Панду андарзхои ниёгон аз сомонаи infopage.tj

Панду андарзхои ниёгон

Советы и постановления
Аз ҳакиме пурсидаанд: Одамро чӣ заруртар аст? Гуфт: Ақл. Гуфтанд: Агар он ноқис бошад? Гуфт: Адаб. Гуфтанд: Гар аз он ҳам бебаҳра бошад? Гуфт: Пас, мурдан илоҷи ӯст. Илм дар хурдӣ, нақш бар санг аст. Мояи бузургӣ илму адаб аст, на аслу насаб. Ақлу давлат қарини якдигаранд. Ҳар киро ақл нест, давлат нест. Саъдӣ Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад. Ҷалолиддини Румӣ Шунидам, ки бошад забони сухан, Чу алмоси буррону теғи куҳан. Сухан бифканад минбару дорро, Зи сурох бурун оварад морро. Абӯшакури Балхӣ Тарҷумони дил аст нутқу забон, Марзбони тан асту суду зиён. Абулмаҷди Саноӣ Донӣ, ки сухандон кӣ бувад? Он ки бидонад, Бадро зи наку боз накуро зи накутар. Боядат мансаби баланд бикуш, То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд. На ба мансаб бувад баландии мард, Балки м