Среда, 8 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Одоби шогирд ин аз муаллим ва оила вобастааст

Одоби шогирд ин аз муаллим ва оила вобастааст

Тарзхои одоби шогирдон нисбати муаллимон

Советы и постановления, Этика и эстетика
Бидонед, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар ки бе устод коре кунад бебунёд бошад. Одоби шогирд ин аз муаллим вобастааст ва баъд аз оила сарчашма мегирад. Кӯдаке, ки аз хурди бо ақлу тамиз аст, то охири умр ҳамин хел меравад ва инсоне, ки аз хурди бе ақлу бе фаросат бошад, ҳамин тавр ба балоғат мерасад. Ва аз ӯ умеде пойдор намешавад. Агар пурсанд, ки одоби шогирд чанд аст, бигуй ҳашт: 1. Чун дарояд салом кунад ё салом диҳад; 2. Дар пеши устод кам сухан гуяд; 3. Сар дар пеш андозад; 4. Ба ҳар тараф нигоҳ накунад; 5. Агар хоҳад масъала пурсад, иҷозат гирад; 6. Чун ҷавоб гуяд эътироз накунад; 7. Дар пеши устод ба касе гушакӣ накунад; 8. Ба ҳурмати тамом нишасту бархост кунад. Ҳамаи ин одобро шогирд аз мактаб меомӯзад. Мактаб муқаддастарин ҷой, сарчашмаи дарёи ақл, махзани илму дон