Суббота, 4 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Одатхои муфид

Одатхои муфид

25 одатхои муфид

Бизнес, успех и мотивация
1. Бас кунед шунидани маслиҳатҳои нафаронеро, ки тавре ки шумо зиндагӣ кардан мехоҳед, он гуна зиндагиро надоранд; 2. Рӯзатонро бо ханда оғоз кунед. Ҳеҷ чиз бештар аз ханда наметавонад рӯҳияи шуморо болида гардонад; 3. Саҳаргоҳон ғусл (душ) намоед. Ин амал баробар ба қабули як пиёла қаҳва ба бедоршавиатон мадад мекунад; 4. Аз тамокуву алкоҳол даст кашед; 5. Қаблан банақшагирии рӯзи ояндаро омӯзед; 6. Фикратонро зебову босаводона изҳор намоед. Ба суханонатон аҳамият диҳед. Аз шеваатон калимаҳои ҳақоратомез ва калимаҳо - паразитҳоро истисно кунед; 7. Фикронии мусбӣ дошта бошед. Дар ёд дошта бошед, ки фикрҳои шумо - сароғози ҳама корҳост; 8. Қоматро мавзун нигоҳ доред, рост роҳ гардед; 9. Барвақт аз хоб хестанро ёд гиред. Соатҳои барвақти рӯз ба шумо ҳамеша фурсати бештар даст медиҳад, назар