Понедельник, 30 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Насли якуми МЭХ

Насли якуми МЭХ

Наслхои МЭХ (машинахои электронии хисоббарор)

Информационная технология
1. Мошинаҳои насли якум гуфта мошинаҳоеро меноманд, ки дар сохтани онҳо лампаҳои электронӣ истифода бурда шудаанд. Хотираи ин гуна мошинаҳо хеле ҳам хурд ва суръати кориашон низ суст буданд. Дар як сония ҳамагӣ 10-20 ҳазор амалро иҷро мекарду халос. Барнома дар ин мошинаҳо бо забони коди мошинӣ навишта мешуд, ки кори барномасозро хеле душвор месохт. Дар байни мошинаҳои насли якум мошинаҳои М-3, М-20, МИНСК-2, 12, 14, БЭСМ, Стрела, Урал-1 паҳн шуда буд, ки истеҳсоли собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буд. 2. Аввали солҳои 60-ум ба сохтани мошинаҳои насли дуюм шуруъ карданд. Дар ин мошинаҳо нимноқилҳоро истифода бурданд, ки дар асоси онҳо транзисторҳо сохта шудаанд. Транзисторҳо лампаҳои электрониро иваз карданд, ки як қатор бартариҳо доштанд. Бартарии онҳо дар он буд, ки ин гуна мошинаҳо аз ҷиҳати вазн