Суббота, 28 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Намунахои забонхат

Намунахои забонхат

Забонхат (Расписка)

Документация
Бо ин санад гирифтани маблағи пул ва ё миқдори муайяни мол тасдиқ карда мешавад. Он ба шакли дастнавис дар як нусха таҳия мегардад. Миқдори пул ё моли гирифташуда бо рақам, сипас бо ҳарф навишта мешавад. Ҳангоми зарурат ному насаб ва имзои шоҳидон низ оварда мешавад. Забонхатро то баргардонидани қарз қарздиҳанда нигоҳ медорад. Забонхат аз ҷузъҳои зерин иборат мебошад: 1. Номи санад; 2. Ному насаб ва вазифаи шахсе, ки забонхат медиҳад ва ному насаби шахсе, ки аз ӯ маблағи пул ва ё мол гирифта мешавад; 3. Маблағи пул ё миқдори моли гирифташуда; 4. Имзои шахсе, ки забонхат медиҳад; 5. Таърихи навиштани санад. Намунаҳо: Забонхат       Ман, Муқимов Акбар Тоҳирович, донишҷӯи соли дуюми факултаи ҳуқуқшиносӣ, сардори гурӯҳи буҷавӣ аз ҷонишини декан оид ба таълим, профессор Қаҳҳоров Ҷонибе