Суббота, 4 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Мукофоту чоизахои нависанда Фазлиддин Мухаммадиев

Мукофоту чоизахои нависанда Фазлиддин Мухаммадиев

Фазлиддин Мухаммадиев – нависандаи халкии Точикистон (1986)

Таджикская литература
Фазлиддин Муҳаммадиев Аминович - нависанда. Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1957), Ходими хизматнишододаи фарҳанги Тоҷикистон (1978), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 1967). Зиндагинома: Дастпарвари мактаби миёнаи №.15 ш. Самарқанд. Соли 1946 ба Сталинобод омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш чун ходими адабии рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” (минбаъд – “Тоҷикистони Советӣ”, ҳоло – “Ҷумҳурият”, 1947-1949) сар шудааст. Мактаби марказии комсомол (Москва, 1951), курси олии адабии назди Институти адабии ба номи М.Горкий (Москва)-ро хатм кардааст (1962). Минбаъд дар вазифаҳои Котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло – “Ҷавонони Тоҷикистон”, 1951-1954), муҳаррири рӯзномаи “Газетаи муаллимон” (ҳоло – “Омӯзгор”