Вторник, 31 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Мошинаи электронии хисоббарори EDSAC

Мошинаи электронии хисоббарори EDSAC

Таърихи пайдоиши воситахои хисобкуни ва МЭХ

Информационная технология
Воситаҳои ҳисобкунӣ таърихи якчанд ҳазорсола дорад. Масалан, дар Ҷумҳурии халқии Хитой ва Ҷопон ҳазорсол пеш аз солшумории мо воситаҳои ҳисобкуние мавҷуд буданд, ки шакли чути ҳозираро дошт. Якумин бор мошинаи ҳисобкунии ба таври механикӣ коркунандаро, ки ҳамагӣ ду амали арифметикӣ ҷамъ ва тарҳро иҷро мекард, олими франсуз Блез Паскал дар соли 1642 ихтироъ карда ва соли 1645 сохт, ки онро «Паскалина» меномиданд. Маҳз аз ҳамин сабаб олими швед Никлаус Вирт забони алгоритмии навиштаи худро ба хотири якумин дар ҷаҳон ихтироъкори мошинаҳои механикии ҳисоб Паскалӣ номид. Соли 1673 математик ва философи немис Готфриду Вилгелм Лейбнитс мошинаи ба таври механикӣ коркунандаеро сохта баромад, ки бо воситаи он амалҳои ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсимро кор кардан мумкин буд. Якумин шуда соли 1821 Чарлз Беб