Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Молия вазифа накш ва макоми он

Молия вазифа накш ва макоми он

Молия, мохият, зарурият ва конуниятхои инкишофи он

Финансы и кредит
Нақша: 1. Молия пайдоиш ва марҳилахои асосии инкишофи он; 2. Зарурият ва моҳияти иқтисодию иҷтимоии молия; 3. Молия, вазифа, нақш ва мақоми он. 1. Молия пайдоиш ва марҳилахои асосии инкишофи он Молия ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ, муносибатҳои пулиеро меноманд, ки дар раванди ташкил, тақсим ва истифодабарии фондҳои пулу амвол ба амал меоянд. Нишонаҳои авалини он ҳанӯз дар давраи аз байн рафтани ҷомеаи ибтидоӣ айён гардидаанд. Бо раванди ташаккули форматсияҳои ҷамъиятӣ ва тафаккури инсоният шакл ва намудҳои он тағйир ёфта меистод. Ҳангоми пайдо шудани давлатҳо бошад, онҳо хусусиятҳои ҳатмӣ пайдо намуданд. Бо раванди ташаккули давлатдорӣ шакл ва намудхои молия мукамал шудан гирифт. Намунаи аввалини муносибатҳои молиявӣ ситонидани андозҳо буд, зеро дар натиҷаи онҳо фондҳои натуравие, ки дар ихтиёр