Суббота, 28 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Марди дехкон ва кузаи зар

Марди дехкон ва кузаи зар

Марди дехкон ва кузаи зар

Сказки
Як деҳқоне буд. Камбағал буд. Дар дил орзуе дошт, ки бою бадавлат шавад. Рӯзе ҷуфт меронд, ки нӯги сипор ба чизе бархӯрд. Кофта дид, ки як кӯза. Аз зери хок бароварда дид, ки даруни кӯза пур аз тангаҳои зар! Марди деҳқон хурсанд шуда, кӯзаро ба халта андохта, пинҳон кард. Пинҳон карду cap бардошта дар раҳе, ки аз назди саҳро мегузашт, савореро диду ба дилаш алав афтод. "Рафту ин одам кӯзаи зар ёфтани маро дида бошад, - фикр кард деҳқон, - пеши подшоҳ раваду хабар диҳад, подшоҳ маро ба зиндон андозад. Беҳтараш, - фикр кард деҳқон, - даъват кунаму зарро ду тақсим карда гирем". - Эй савора! - гуфт деҳқон, - назди ман биё! Савора пешаш омада, вохӯрӣ карду пурсид: - Хуш, бобо, чӣ гап дорӣ, маро аз роҳам доштӣ? "Маълум, ки надидааст, - фикр кард деҳқон, - беҳуда ҷеғ задаам». Ҳамин хел фикр карду