Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Маълумоти ба фаъолияти бонк вобаста буда

Маълумоти ба фаъолияти бонк вобаста буда

Ба ки ва дар кадом асос аз тарафи бонк маълумоти ба фаъолияти бонк вобаста буда, дода мешавад?

Вопросы и ответы
Ҷавоб: Маълумотҳое, ки сирри бонкиро ташкил медиҳанд, ба мақомоти зайл дода мешаванд: а) ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии оғоз кардашуда ва дар истеҳсолот буда дар асоси қарори таҳқиқкунанда ё муфаттиш, ки мувофиқан аз тарафи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори вилоят, шаҳр ё ноҳия тасдиқ шудааст; б) ба судҳо: аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ ва парвандаҳои оид ба қонунвайронкунии маъмурӣ дар асоси таъйиноти суд дар ҳолате, ки мизоҷи бонк яке аз тарафҳои парванда бошад; в) ба мақомоти андоз: аз рӯи масъалаҳои пардохти андоз аз тарафи шахсони тафтишшавандаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар асоси мактуби роҳбари мақоми андоз ва дар сурати пешниҳоди нусхаи фармони мақоми андоз оиди тафтиши онҳо. *Чунин саволу ҷавобҳо ҳамаруза аз тамоми фанҳо ва со