Вторник, 7 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Маълумот оиди информатика

Маълумот оиди информатика

Маълумот оиди информатика

Информационная технология
Вақте, ки информатика мегуянд, ҳар як шахс дар назар дорад, ки сухан дар бораи ягон информатсия меравад ва информатсия бошад ба ягон объект тааллуқ дорад. Информатика – ин равияи мукаммали илмӣ буда, характери байнифаннӣ дорад. Вай дар инкишофи равияҳои дигари илмҳо таъсир расонида, дар муттаҳидсозии илмҳо нақши муҳим мебозад. Информатика ин сегонаи «Модел, Алгоритм ва Барнома» аст. Информатика илм ва техника буда, ба доду гирифти информатсия, нигоҳ доштани информатсия ва ба коркарди мошинӣ вобастагӣ дорад. Информатикаро дигар гуна ҳам таъриф медиҳанд, чунки информатика илми бисёршоха мебошад. Информатика нуқтаи назари гуногунро фаро гирифта аз нуқтаи назари математикӣ то файласуфӣ, ба ғайр аз ин ҳамчун илми инкишофёфта мебошад, ки ҳоло ҳам инкишоф ёфта истодааст. Информатика илми му