Понедельник, 6 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Максади монополия

Максади монополия

Монополия ва шаклхои ташкили монополия

Основы экономики
Мақсади монополия - ин ба даст овардани даромади максималӣ бо воситаи назорат аз болои нарх ва ё ҳаҷми фуруш дар бозор мебошад. Монополия бо роҳи якҷояшавии якчанд корхонаҳо таъсис меёбад ва чунин шаклҳои ташкили монополия мавҷуданд: 1. Картел - созишнома оиди квотаи (миқдори) маҳсулоти бароварда мешуда ва тақсими бозори фурӯш; 2. Синдикат - ташкилот бо мақсади ташкили фурӯши якҷояи маҳсулот; 3. Трест - монополия, ки дар он моликият, истеҳсолот ва фуруши маҳсулоти фирмаҳо ба он дохил мешуда, муттаҳид карда мешаванд; 4. Контсерн - монополия бо маркази ягонаи молиявии ҳамаи фирмаҳои соҳаҳои гуногуни ба он дохил шаванда мебошад, технологияи умумӣ доранд; 5. Конгломерат - ташкилоте, ки бо дохилшавии корпоратсияҳои калон ба соҳаҳое, ки алоқаи техникӣ ва истеҳсолӣ надорад, алоқаманд аст.