Пятница, 3 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Мафхуми эълон

Мафхуми эълон

Эълон (Объявление)

Документация
Эълон санадест, ки дар он аз баргузории чорабинӣ ё рӯёдоде пешакӣ иттилоъ дода мешавад. Эълон ҷузъҳои зеринро дар бар мегирад: 1. Номи санад; 2. Маҳал ва вақти баргузории чорабинӣ; 3. Мазмуни чорабинӣ; 4. Созмондиҳандаи чорабинӣ. Намунаҳо: Эълон       Рӯзи 22.05.2018, соати 12:30 дар толори калони донишгоҳ вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Саъдиев С. бо донишҷӯёни  факултаи кимиё баргузор мешавад. Иштироки ҳамаи донишҷӯён ҳатмист. Садорати факулта Эълон       Ба диққати донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ расонида мешавад, ки мӯҳлати супоридани маблағи таҳсил то рӯзи 12.09.2018 муайян гардидааст. Дар сурати насупоридани маблағи таҳсил донишҷӯёни қарзи молиявидошта аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд. Садорати факулта