Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Мафхуми тавсифнома

Мафхуми тавсифнома

Тавсифнома (Хислатнома, Характеристика)

Документация
Тавсифнома ҳуҷҷатест, ки ба хатмкунандаи мактаби миёна бо имзои роҳбари синф ва сарвари мактаб, ба донишҷӯи мактаби олӣ маъмурияти донишгоҳ, ба донишҷӯёни курсҳои 1-5 дар сурати зарурат (ба кор дохил шудан, агар кор пас аз дарсҳо бошад, ба мақомоти расмӣ-милитсия, додситонӣ ва ғайра, агар кори донишҷӯ ба ин мақомот дахл дошта бошад) ба корманди муассиса барои ишғоли вазифаи нав, барои гузаронидани аттестатсияи мутобиқат ба вазифаи ишғолкарда, дохил шудан ба аспирантура, сафар ба кишварҳои хориҷӣ, пешниҳод ба мукофот ва ғайра дода мешавад. Вобаста ба ҳар яке аз ин навъҳо тавсифнома ба шакли гуногун ва бо мазмуну мундариҷаи мувофиқ тартиб дода мешавад. Ҷузъҳои тавсифнома: Қисми якум: 1. Номи санад; 2. Ному насаби шахсе, ки ба ӯ тавсифнома дода мешавад; 3. Унвони илмӣ (агар дошта бошад),