Суббота, 4 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Мафхуми санад

Мафхуми санад

Санад (Акт)

Документация
Санад ҳуҷҷатест, ки дар он ягон амалиёт, кори иҷро кардашуда тасдиқ карда мешавад. Ин ҳуҷҷатро ҳайате аз шаҳрвандон, ходимони муассиса ё корхона таҳия месозанд ва бо имзоҳояшон тасдиқ менамоянд. Баъзан, ин ҳуҷҷатро метавонад як шахс (масалан, корманди Бозрасии давлатии автомобилҳо (БДА) ба танҳоӣ таҳия намуда, воқеаи рӯйдода (масалан, садамаи автомобил)-ро сабт намояд. Комиссияи босалоҳияте маҳсулоти нав, ихтироот, бинои маъмурӣ ё истиқоматиро аз санҷиш гузаронида, санад таҳия менамояд. Баъзан, дар корхонаву муассисаҳо барои аз ҳисоб баровардани молу анҷому асбобҳо ва ашёи кӯҳнаву фарсудашуда комиссия ташкил карда мешавад. Ҳайати комиссия баъд аз дида баромадани ашёи корхона санад тартиб медиҳад ва аъзои комиссия дар охири он имзо мегузоранд. Агар дар дарсхона (аудитория) дару тирезаҳо, ми