Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Мафхуми коррупсия

Мафхуми коррупсия

Функсияхои давлат

Правоведение
Функсияҳои давлат - самтҳои асосии фаъолияти давлат мебошад, ки моҳият ва таъиноти иҷтимоии давлатро ифода намуда, бо мақсади иҷрои мақсад ва вазифаҳои давлат роҳандозӣ мешаванд. Истилоҳи "функсия" аз калимаи лотинии "functio" гирифта шудааст, ки маънояш "иҷро намудан, амалӣ намудан" аст. Мафҳуми "функсия"-ро аввалин маротиба файласуф ва олими олмонӣ - Лейбнитс (1646-1716) ба илм ворид намудааст. Функсияи давлат чун мафҳуми илмӣ ва самти фаъолияти давлат як қатор хусусиятҳо дорад: 1. Мафҳуми "функсияи давлат" аз мафҳуми "вазифаи давлат" фарқ мекунад. Вазифаи давлат - мушкилии (проблема) ҳаётан муҳими ҳалталаб мебошанд, ки дар назди давлат дар марҳилаи муайяни таърихӣ қарор доранд. Функсияҳои давлат - самтҳои муайяни фаъолияти давлат мебошад, ки баҳри иҷрои вазифаҳои давлат ба сомон мерасан