Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Мафхуми калимаи точик

Мафхуми калимаи точик

Маънои калимаи точик

История
Дар атрофи ин масъала фикрҳои гуногун ва ҳатто ба ҳам зид вуҷуд дошт ва қисман ҳоло ҳам вуҷуд доранд. Баъзе муаллифон вуҷуд доштани чунин аҳволро бо номи «тоҷик» умуман инкор мекарданд. Масалан, дар «Қомус-ул-аълом»-и Шамсуддини Сомӣ чунин омадааст, ки «тоҷик дар асл номи як қавмест аз туркҳо». Намояндаи дигари туркони усмонӣ исбот кардан хост, ки Фирдавсии Тусӣ, Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ аслан турканд. Чунин ақида баъд aз Инқилоби октябри соли 1917 низ ҷой дошт. Соли 1919 А.Фитрат дар мақолаи худ бо номи «Тилимиз» (забонамон), ки дар рӯзномаи «Иштирокиён» чоп шудааст, менависад: Дар дунё аз ҳама бой, аз ҳама хушбахт забон кадом aст, медонед? Баъд аз ин форсӣ ба қатори туркӣ ва арабӣ дохил гардид. Ҳоли забони форсӣ тамоман бад аст… Форсҳо забони худашонро партофтанд. Чашмонамонро калон кушода