Понедельник, 30 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Мафхуми бозори мехнат ва намудхои он

Мафхуми бозори мехнат ва намудхои он

Маркетинги таъмини мутахассисон

Маркетинг
Нақша: 1. Мафҳуми бозори меҳнат ва намудҳои он; 2. Вазифаҳои асосӣ ва консепсияи маркетинги таъмини мутахассисон; 3. Таъмини иттилоотӣ ва тадқиқоти маркетинг дар бозорҳои меҳнат; 4. Идоракуни маркетинги қувваи корӣ. 1. Мафҳуми бозори меҳнат ва намудҳои он Дар фаъолияти ҳар як корхона кормандон ва мутахасиссоне, ки равандҳои истеҳсолиро идора мекунанд, нақши асосиро мебозанд. Бозори меҳнат механизми бисёромила буда, вобаста аз омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил меёбанд. Дар бозори меҳнат муносибати муомилоти кормандон (қуваи корӣ) бо кор таъминкунандагон (соҳибони воситаҳои истеҳсолот) ба вуҷуд меояд, ки як тараф ҳамчун фурӯшандаи қуваи корӣ ба дигар тараф харидори қувваи корӣ иштирок мекунанд. Бозори меҳнат ба бозори ҳудудӣ, бозори соҳавӣ, бозори тахасусӣ, бозори мехнатии корхона,