Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Мафхуми баёнот

Мафхуми баёнот

Баёнот (Тавзехнома, Объяснение)

Документация
Баёнот санадест, ки дар он хонандагон, донишҷӯён, устодон, кормандони корхонаву муассисаҳо, баъзе шаҳрвандон сабаби иҷро нагардидани амру фармоиш, вайрон кардани интизоми меҳнат, сабаби наомадан ба дарсҳо, риоя накардани қоидаву қонунҳои муқарраршударо шарҳу эзоҳ медиҳанд. Баёнот бо талаби сардори корхона, шахси масъул тартиб дода мешавад. Оғози баёнот ба ариза монанд аст. Аз қисмҳои зерин иборат аст: 1. Унвон, дараҷаи илмӣ, вазифа, насаб, ном ва номи падари роҳбар; 2. Насаб, ном, номи падар, вазифа, унвон, дараҷаи илмии тартибдиҳандаи баёнот; Ин ду ҷузъ дар тарафи рости варақи А4 аз мобайни варақ сар карда навишта мешаванд (ба монанди ариза); 3. Номи ҳуҷҷат (дар мобайни саҳифа); 4. Матни ҳуҷҷат (Баёнот); 5. Насаб, ном ва номи падари тартибдиҳанда (ба шакли кӯтоҳ) ва имзо; 6. Санаи навишта