Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Мафхуми баркия ё телеграмма

Мафхуми баркия ё телеграмма

Баркия (Телеграмма)

Документация
Барқия ҳуҷҷатест, ки ба воситаи телеграф фиристода мешавад. Барқия барои ба тезӣ хабареро расонидан, огоҳ сохтани шахсе аз корҳои дар пеш буда, вазъи саломатӣ, огоҳ сохтан аз замони парвоз дар тайёра ва ё сафар дар қатора (поезд) ва ғайра фиристода мешавад. Телеграмма бо услуби ба худаш хосе, дар идораи почта, дар варақа (бланк) - и махсусе пур карда шуда, ба ходими почта супурда мешавад. Телеграмма ду навъ аст: оддӣ ва фаврӣ. Навъи телеграмма дар варақи телеграмма сабт мегардад. Телеграммаи фаврӣ ба тезӣ расонида мешавад. Нархаш аз телеграммаи оддӣ се баробар зиёдтар аст. Баъзан, ба воситаи телеграмма аз вазъи бади саломатии хешованде хабар медиҳанд ва ба тезӣ расида омаданро талаб менамоянд. Дар ин гуна телеграмма духтур ҳам имзо мекунад ва мӯҳр мегузорад. Ходими почта мавҷуд будани имзо