Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Мачнун чавони хирадманд…

Мачнун чавони хирадманд…

Тахлили достони Лайли ва Мачнун

Любовь, Статьи
Адабиёти форс-тоҷик осмони паҳноварест, ки ситорагони дурахшони бешумор дорад. Бадриддин Ҳилолӣ дар ин осмони паҳновари илму адаб, яке аз он ситорагони дурахшонест, ки бо андешаҳои олӣ, нерӯи халқонаи сухан дар силсилаи суханварони бузург ҷой дорад. Чакидаҳои оташбору маънодори шоир бо ҷаззобияту зебоӣ, латофату ширинӣ ва малоҳату дилнишинӣ дили оламиёнро тасхир менамоянд. Ҳилолӣ аз камоли шеър дорад мансаби шоҳӣ, Ки сӯзи Хусрав асту нозукиҳои Ҳасан бо ӯ. (Ҳилолӣ) Маснавиҳои "Шоҳу Дарвеш", "Сифотулошиқин", "Лайлӣ ва Маҷнун" ва ғазалҳои равону дилошӯбаш чун гулдастаҳои зебою хушбӯ боғи назму насри адабиёти форсу тоҷикро зеб медиҳанд. Достони "Лайлӣ ва Маҷнун", ки онро нуқтаи баландтарини эҷодиёти шоир меноманд, охирин достони сегонаи Ҳилолист. Достони мазкур аз 1771 байт иборат буда, 34 боб