Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Либос ва намуди зохирии марди сохибкор

Либос ва намуди зохирии марди сохибкор

Муомилоти кори ва либоси кори

Международный бизнес
Саволи №1. Одоби хўрок хўрдан дар гуфтушунид ва вохўриҳо; Саволи №2. Либос ва намуди зоҳирии марди соҳибкор; Саволи №3. Либос ва намуди зоҳирии соҳибкорзан. Ҷавоб ба саволи №1. Вақтҳои охир гузаронидани гуфтушунидҳо ё вохўриҳо дар сари мизи хўрокхўрӣ хеле маъмул гардидаанд. Ҳангоми хўрок хўрдан чиро бояд донист ва риоя намуд? - ба хўрок хўрдан он вақт оғоз намоед, агар шахси шуморо даъватнамуда ё шахси муътабари мизи хўрокхўрӣ ба хўрдан оғоз намояд; - бо салфетка бозӣ накарда онро оҳиста ба сари зонуи худ гузоред; - ором нишинед, оринҷи дастонро аз миз дуртар нигоҳ доред ва ё дастонро ба зону гузоред; - бо даҳони ниҳоят кушод гап назанед ва хўрокро низ бо даҳони пўшида бояд хоид; - ба даҳон хўроки ниҳоят зиёд нагузоред, хўрокро хуб хоидан лозим аст; - хлеб ва булочкаро бо қисмати зиёд