Понедельник, 6 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Компютерхои руи мизи-Desktop ва ноутбукхои руи мизи-DeskNote

Компютерхои руи мизи-Desktop ва ноутбукхои руи мизи-DeskNote

Намудхои компютерхои фарди

Информационная технология
Дар бозори компютер, компютерҳои фардӣ ба чунин номгуйҳо тақсим шудаанд: 1. Стансияи корӣ - «Work Station - Рабочая станция». Чунин компютерҳо компютери пурқуввати корӣ мебошад. Одатан ин гуна компютерҳоро дар корхонаҳои калон, электростансияҳо ва дар баъзаҳои ҳарбӣ истифода мебаранд. Ин компютер дорои платформаи ду протсессора буда, ғунҷоишашон максималӣ мебошад. Суръати корӣ ва хотираи фавриашон бузург мебошад. Якчанд дискҳои дурушти ғунҷоишашон калон пайваст карда шуда, бисёр вақт ба шабакаҳои локалии корхона пайваст мебошанд. Стансияи корӣ вобаста аз гузориши масаъла, барои ҳисобкуниҳои илмӣ, сохтани графикҳо ё ин ки дигар таъинотҳо истифода мешавад. Ба қисмати графикии стансияи корӣ чунин таҷҳизотҳо дохил мешаванд: 3D - видеокартаи касбӣ, таҷҳизоти қабулкунии мавҷҳои телевизионӣ ва р