Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Киссаи вокеии хидояти падар тавассути писар

Киссаи вокеии хидояти падар тавассути писар

Хикояи тамсили (3)

Аллегорические рассказы
Ҳикояи тамсилӣ №3. Қиссаи воқеии ҳидояти падар тавассути писар. Ҷавони наврасе, ки Худованд дар ин ҳолати наврасӣ ӯро ба роҳи рост ҳидоят намуд, Манучеҳр ном дошт. Манучеҳр дар хонадоне умр ба сар мебурд, ки он хона пур аз чизҳои ҳаром ва фисқу фуҷур буд. Падараш ончунон аз ислом бехабар буд, ки ҳатто намоз куҷо қибларо намедонист, ки кадом тараф аст. Нахуст падарашро даъват намуд, ки корҳои ҳаром анҷом медодаашро тарк намояд ва ба ислом, яъне роҳи рост қадам намояд, то растагор гардад. Вале падар аслан ба гапи писараш гӯш намедод ва ҳатто ба суханони тавҳидомези писараш лабханд мезад ва мегуфт, писарам ба кори худат машғул шав, зеро ту бояд насиҳат пазир бошӣ на ман, ман падари туям на ту падари ман, то ин ки маро насиҳат кунӣ. Манучеҳри дар ақидаи худ росих масъаларо ҳамин тавр раҳо нак