Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Киссаи таъсирбахши хаёти (15)

Киссаи таъсирбахши хаёти (15)

Хикояи тамсили (15)

Аллегорические рассказы
Ҳикояи тамсилӣ №15. Як писарбачае тақрибан 7-8 сола ба тарабхона меояд. Пешхизмат назди ӯ ҳозир мешавад. Писарак аз ӯ мепурсад: -Яхмоси шоколадӣ доред? -Албатта. -Чанд сомонӣ? -5 сомонӣ. Писарак пулашро аз кисааш мегирад, мешуморад ва мепурсад: -Яхмоси арзонтар доред? Пешхизмат ҷавоб медиҳад: - Ҳа, яхмоси 2,5-сомона низ дорем. Вақте, ки писарак пули худро аз нав мешумурд, пешхизмат ба ӯ бо нигоҳи сард менигарист, зеро ӯро дар мизи дигар мизоҷон интизор буданд. Дар охир, писарак ба гирифтани яхмоси 2,5-сомона розӣ мешавад. Пешхизмат яхмосро меорад, ба руи миз мегузорад ва тез аз назди ӯ меравад. Писарбача яхмосро мехурад, пулашро ба хазина месупорад ва меравад. Баъд аз рафтани ӯ пешхизмат барои тоза кардани мизи ӯ меояд ва дар ҳайрат мемонад, зеро дар назди қуттии яхмос -2,5 сомонӣ чойпу