Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Киссаи таъсирбахши хаёти (11)

Киссаи таъсирбахши хаёти (11)

Хикояи тамсили (11)

Аллегорические рассказы
Ҳикояи тамсилӣ №11. Кӯдаке бо шӯхӣ ва ҷиддӣ бисёр дурӯғ мегуфт. Рӯзе канори дарё шино менамуд ва худро ғарқшаванда вонамуд карда, фарёд мезад: кӯмак! кӯмак!…. ғарқ мешавам. Дӯстонаш ба ёриаш шитофтанд ва диданд, ки ӯ онҳоро фиреб дода, механдад. Писарак ин амали худро чанд бор такрор намуд. Дар яке аз ин мавридҳо мавҷе боло омад ва қариб буд, ки писарак ғарқ шавад. Писарак ба фарёд задан ва кӯмак хостан шурӯъ кард, вале дӯстонаш гумон карданд, ки ӯ боз мисли ҳамеша ба онҳо дурӯғ мегӯяд, аз ин рӯ ба кӯмаки ӯ нарафтанд. То он, ки раҳгузаре фарёди ӯро шуниду ба ёриаш шитофт ва наҷоташ дод. Писарак ба дӯстонаш гуфт: "Худованд маро ба хотири дурӯғ гуфтанам муҷозот кард. Баъд аз ин дигар ҳаргиз дурӯғ нахоҳам гуфт. Аз он пас он писар дигар ҳаргиз дурӯғе нагуфт".