Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Киссаи таъсирбахши хаёти

Киссаи таъсирбахши хаёти

Шабистони хаёл

Аллегорические рассказы
Эҳ, парастуҳои ҳарҷогард, ҳарҷогард. Боз омадед, биёед. Болу пар занед. Биёед, дигар фазо аз они шумост. Шуморо дер боз интизор будам. Биёед, кӯчаи камодамро сайр кунед, бол афшонед, дар фазои кушод бо овози маҳини худ оламро дигаргун созед. Биёед, дар пештоқи хонаамон лона гузоред, ман дигар шуморо аз хонаамон намеронам, лонатонро вайрон намекунам, чӯҷаҳоятонро киш намегӯям, биёед. Эҳ, парастуҳои зебои ҳарҷогард, магар аз хотиратон нарафтааст, ки мо чӣ тавр бо ҳам қиёмат барпо намудем, шуморо чӣ тавр бо чӯҷаҳоятон аз хонаамон рондам, лонаатонро вайрон намудам. Шуморо чашми дидан надоштам, ҳатто овози фораматон ба гӯшам гӯшхарош мерасид. Тоқати шунидани овози маҳини шуморо надоштам. Ҳатто, лонае ки шумо бо чӣ қадар ранҷу заҳматҳо бунёд карда ва дар он чӯҷа бароварда будед, вайрон кардам,