Четверг, 9 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: КИМ (Кумитаи ичроияи маркази)-и ИЧШС

КИМ (Кумитаи ичроияи маркази)-и ИЧШС

Пайдоиш ва инкишофи конститутсияхои Точикистон

Правоведение
Пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон бо барпоёбӣ ва ташаккули давлати миллии Тоҷикистон алоқаманд аст. Давлати миллии мухтории тоҷик мувофиқи қарори КИМ (Кумитаи иҷроияи марказӣ)-и ИҶШС аз 27 октябри соли 1924 дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ташкил ёфт. Ҳайати марзии он иборат аз вилояти Кӯлоб, Ғарм, Душанбе, Қӯрғонтеппа ва тумани Қаротеппаи волости Сариосиёӣ собиқ ҶШҲ Бухоро, Помир ва Кӯҳистони Бадахшони вилояти Фарғона, ноҳияҳои Ӯротеппа ва Панҷакенти уезди Самарқанди ҶМШС Туркистон буд. Ташкилёбии ҶМШСТ ба воситаи қарорҳои Анҷумани якуми Шӯроҳои Тоҷикистон соли 1926 ба расмият даромад. Хусусан эъломия дар бораи ташкилёбии ҶМШСТ аз 1-уми декабри сол 1926 дар ба расмият даровардани ташкили давлатдории тоҷик дар ҳайати ИҶШС мавқеи калон дошт. Дар санадҳои Анҷумани якуми Шӯроҳои Тоҷикис