Вторник, 31 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Хикояти шамъ мухаббати модар

Хикояти шамъ мухаббати модар

Шамъ, мухаббати модар

Рассказы
Боре ба назди модар фарзандонаш бо суоле омаданд. Онҳо байни худ баҳс мекарданд ва ҳар яке мехост дурустии худро исбот кунад, яъне киро модар бештар дӯст медорад? Модар хомӯшона шамъеро гирифт, онро афрӯхт ва гуфт: -Ин шамъ - ман ҳастам! Оташи он - муҳаббати ман! Паз аз он як шамъи дигареро бо оташи шамъи худ даргиронд. -Ин фарзанди нахустини ман аст, ман ба ӯ оташи худро, муҳаббати худро додам. Магар аз ин оташи шамъи ман кам шуд? Оташи шамъи ман чӣ хеле буд, ҳамон хел монд. Ҳамин тавр ӯ чанд фарзанде ки дошт, ҳамон микдор шамъ афрӯхт. Оташи шамъи ӯ бошад ҳамоно бузург ва гарм боқӣ монд…