Среда, 8 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Хикояти бехтарини хаёти (5)

Хикояти бехтарини хаёти (5)

Хикояи тамсили (5)

Аллегорические рассказы
Ҳикояи тамсилӣ №5. Рузе як ҷавон назди хирадманде меояд ва аз ӯ маслиҳат мепурсад: -Ман хушбахт нестам, маро ҳамеша рад мекунанд, ягон корхона маро ба кор намегирад, дар зиндагӣ ба мақсадам нарасидаам. Аз шумо хоҳиш дорам, ки ба ман роҳи хушбахт шуданро нишон диҳед. Хирадманд гуфт: -Ту бояд дусте пайдо кунӣ, ки ҳамеша ба ту ёрӣ расонад, дар хушбахтӣ ва бадбахтиат туро дастгирӣ кунад, дорои ҳамаи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бошад, ба ту ҳамеша роҳи ростро нишон диҳад ва ниҳоят, туро то дами марг тарк накунад. Ҷавон дар ҳайрат монд ва пурсид: -Ман чунин шахсро аз куҷо ёбам? Хирадманд ба дасти ҷавон оинаро дод ва гуфт: -Ба оина нигоҳ кун ва он шахсро меёбӣ.