Пятница, 3 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Хикояти бехтарини хаёти (4)

Хикояти бехтарини хаёти (4)

Хикояи тамсили (4)

Аллегорические рассказы
Ҳикояи тамсилӣ №4. Қиссаи ҷавоне, ки ҳамеша ба духтарон менигарист. Ҷавон ба назди олиме омад ва аз ӯ чунин савол намуд: "Ман писари ҷавоне ҳастам, вале рағбату хоҳишотам хеле зиёд аст ва наметавонам хоҳишоти нафсониамро аз нигоҳ намудан ба суйи духтарҳо манъ намоям ҳангоме, ки дар бозор ва ҷойҳои оммавӣ қарор мегирам, чӣ кор кунам, то аз ин холат начот ёбам?. Олим гуфт: "Ман ба саволи ту амали посух мегуям, то ба он посухи ман худат каноъатбахш гардӣ. Олим як пиёла ё ҷомеро лабрез аз шир намуда, ба дасти он ҷавон дод. Ба ӯ чунин гуфт, ин ҷоми пур аз ширро ба дастат мегирӣ ва аз оғози бозор то ҷойи муайяне меравӣ ва коре мекунӣ, ки аз ин ҷом як қатра шир ба замин нарезад. Инчунин он олим яке аз шогирдонашро бо он ҷавон ҳамроҳ бо ӯ фиристод, то мувозиб бошанд, ки як қатра шир аз ин ҷом наре