Среда, 8 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Хикояти бехтарини хаёти (14)

Хикояти бехтарини хаёти (14)

Хикояи тамсили (14)

Аллегорические рассказы
Ҳикояи тамсилӣ №14. Тоҷире ба хотири тиҷорати худ ба Африка меояд, як марди африкоӣ барояш харидани санги қимматбаҳое, ки мисли зардии тухм ҳаҷм дошт, пешниҳод мекунад. Тоҷир он санги гаронарзиш - алмосро бо қимати нисбатан арзон мехарад. Чун аз сафар ба ватан баргашт, назди заргар рафт, то арзиши аслии алмосро муайян кунад. Заргар бо минокл муоина намуд, гуфт, ки ин алмос аз мобайнаш мӯй барин рах дорад, яъне шикастааст, ки бо чашм намебинед. Агар ин гуна нуқс намедошт, қимати баландро соҳиб буд. Заргар ҳамчунин афзуд, ки ин алмосро заргари бомаҳорат аз ҷойи рахи шикастааш ба ду тақсим карда тавонад, дар он сурат ду ашёи гаронбаҳои ороишӣ тайёр намудан мумкин аст ва ба ин роҳ арзиши аслиаш барқарор мегардад. Аммо худ иҷрояшро бар уҳда нагирифт. Ҳамин тавр, тоҷир ба ҳар шаҳр ва ё давлате м