Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Хикояти бехтарин устод ва шогирд

Хикояти бехтарин устод ва шогирд

Устод ва шогирд

Рассказы
-Ту хеле оқилӣ. Доимо табъи ту хуш аст, ҳеҷ гоҳ оташин намешавӣ. Ба ман ҳам кӯмак кун, то ин ки монанди ту шавам, - хоҳиш кард шогирд аз устодаш. Устод розӣ шуд ва ба шогирдаш гуфт, ки як картошка ва як халта биёрад. -Агар ту аз касе хашмгин шавӣ ва нисбати ӯ хафагиву ранҷишро дар дилат ҷой кунӣ, - гуфт устод, - он гоҳ ин картошкаро гир. Дар як тарафаш номи худатро, дар тарафи дигараш бошад, номи он одамеро, ки байни туву ӯ низоъ сар зад, навис ва картошкаро ба даруни халта гузор. -Фақат ҳамин қадар кор? - пурсид шогирд бо тааҷуб. -Не, - посух дод устод. Ту бояд ин халтаро доимо бо худ гирифта гардӣ. Ҳар вақте, ки аз касе ранҷидӣ, ба даруни он як картошкаи дигарро илова кун. Шогирд розӣ шуд. Аз байн чанд вақт гузашт. Халтаи шогирд боз бо чанд картошкаи дигар пур шуд ва хеле вазнин ҳам