Вторник, 7 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Хикояти бехтарин сабзи тухм ва кахва

Хикояти бехтарин сабзи тухм ва кахва

Сабзи, тухм ва кахва

Рассказы
Боре як духтараки ҷавон ба назди падари худ омада, шикояткуниро оғоз кард: -Падар, ман хаста шудам, хаёти ман чунон душвор аст, мушкилиҳои зиёде дорам, ман доимо муқобили ҷараён шино мекунам, дигар қувват надорам… чӣ кор кунам? Падар дар ҷавоб табассум кард ва ба ҷои посух ба савол се зарфи обдорро ба болои оташ гузошт. Ба даруни як зарф сабзӣ, ба дуюмӣ тухм, ба зарфи сеюм бошад каҳва андохт. Пас аз чанд муддат ӯ сабзӣ ва тухмро аз об берун гирифт, каҳваро бошад ба даруни пиёла рехт. -Чӣ тағйир ёфт? - пурсид ӯ аз духтараш. -Тухм ва сабзӣ дар об ҷӯшида пухтанд, каҳва бошад дар об ҳал шуд - ҷавоб дод духтар. -Не духтарам, ин танҳо назари сарсари ба чизҳост. Нигоҳ кун - сабзии сахт дар даруни оби ҷӯш мулоим ва фарсуда шуд. Тухми зудшикан, ки дохилаш маҳлул буд, сахт шуд. Онҳо зоҳиран тағйир н