Вторник, 31 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Хелхои сахмияхои пешниходшаванда

Хелхои сахмияхои пешниходшаванда

Сахмияхои пешниходшаванда чанд хел мешаванд?

Вопросы и ответы
Ҷавоб:  а) Саҳмияи беном, оне, ки соҳибаш ошкор нест, соҳиби чунин саҳмияҳо дар ҳеҷ ҷой ба қайд гирифта намешавад. Харидор чун қоида намедонад, ки соҳиби ин саҳмия кист? б) Саҳмияи номӣ саҳмияе мебошад, ки дар он исми соҳибаш ба қайд гирифта шудааст. Ба дигар кас додани саҳмия фақат бо қарори раёсати ҷамъияти саҳҳомӣ иҷозат дода мешавад. в) Саҳмияи муқаррарӣ ин саҳмияест, ки ба соҳибаш ҳуқуқи овоз доданро дар маҷлисҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ таъмин буда, ба вай дивиденд ё суд меорад, ки он вобаста ба фоидаи корхона тағйир меёбад. *Чунин саволу ҷавобҳо ҳамаруза аз тамоми фанҳо ва соҳаҳо пешниҳоди Шумоён карда мешавад; **Мо метавонем бо ин гуна роҳ савияи дониши якдигарро сайқал дода, баланд бардорем.