Пятница, 3 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Карордод чист?

Карордод чист?

Карордод (Договор, Контракт)

Документация
Қарордод ҳуҷҷатест, ки дар ҳуҷҷатнигории  муосир ба номҳои гуногун - Созишнома (соглашение), Муоҳида (договор, соглашение), Шартнома (соглашение), Қарордод (контракт) ва ғайра мавриди истифода қарор гирифтааст. Ибораҳои "Шартномаи меҳнатӣ", "Созишномаи меҳнатӣ" дар забони тоҷикӣ услубан ғалатанд, ба табиати забони тоҷикӣ бегонаанд, чунки онҳо тарҷумаи таҳтуллафзии ибораи "трудовое соглашение"-и русӣ мебошанд. Мақбултар, мо ибораҳои "Созишномаи иҷрои кор", "Шартнома оид ба иҷрои кор", "Қарордод"-ро медонем ва истифода аз онҳоро тавсия медиҳем. Қарордод (созишнома, муоҳида) санадест, ки байни ду тараф (ҷониб) оид ба барқарор намудани муносибатҳо, яъне иҷрои коре баста мешавад ва шароити иҷрои кор, мушаххасоти муносибатҳои байниҳамдигарии тарафҳо (ҷонибҳо), ки яке "Корфармо" ва дигаре "И