Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Кани он неъмати бузурги ато намудаи Худованд?

Кани он неъмати бузурги ато намудаи Худованд?

Одамиро акл чони дигар аст

Статьи
Одамиро шуур тафовут кунонид. Он шууре, ки ба одамӣ қудрати дарк намуданро медиҳад, он шууре, ки ба одамӣ қудрати созиш намуданро бо ҳам медиҳад. Пас, канӣ он шууре, ки одамиро тафовут кунонид? Канӣ он шууре, ки одамиро бо ҳам созиш дод?. Хунрезиву харобкориҳо дар Шарқи наздику дар Афғонистон, аз бемориҳо фавтидану аз хунукназариҳо беэътиноӣ карданҳо ин аст магар маҳсули он шуури инсонӣ, маҳсули он ақли инсонӣ? Умед дорад одамӣ, умед дорад аз ғалабаи ақли одамӣ, умед дорад аз дастболошавии инсонӣ нисбат ба роҳи шайтон, ғалаба кардан аз болои нафси шайтонӣ, барқарор гардидани дӯстиву бародарӣ. Умед дорад инсон аз ояндаи рахшон. Чун Худованд одамиро аз хок офарид ва ба тани беҷони ӯ бо як нафас ҷон ато намуд, инсон атса зад, ба ҳаракат омад. Худованд ба тамоми малоикону фариштагон амр наму