Воскресенье, 5 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Интихоби касб бояд…

Интихоби касб бояд…

Касби ман – ифтихори ман

Статьи
Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ, Сад айб ба як ҳунар накӯшӣ. Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст, Дар дидаи мардумон азиз аст. Оре, ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, ки соҳибақлу соҳибхирад ба воя бирасад. Байни дӯстону наздикон обрӯю эътибор ва манзалату қиммат дошта бошад. Муҳити иҳотакарда ӯро пазируфта эҳтиромашро ба ҷо оранд. Лекин ин нишонаҳои бузург барои инсон ба осонӣ муяссар намешаванд. Барои ба даст овардани обрӯ машаққати зиёд лозим меояд. Барои соҳибкасб гаштан бисёр мебояд омӯхт. Барои ифтихорманд гаштан худ бояд кони ақлу заковат ва мардонагиву далерӣ буд. Соҳибақл бояд буд, то пешаи дурустеро интихоб намуда, тавассути меҳнати бузург обрӯ пайдо кард. Шахсияти баркамол ва озодфикр ҳанӯз аз овони хурдӣ дар худ фикри интихоби пешаи асосиро мепарварад. Ин ақид