Вторник, 7 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Имруз инсоният аз нигохи фанниву техники бо суръати кайхони пешрафт карда истодааст

Имруз инсоният аз нигохи фанниву техники бо суръати кайхони пешрафт карда истодааст

Шарафи одами аз илм аст

Статьи
Инсон мисли ҳар як мавҷуди дигари худовандӣ пас аз арзи вуҷуд намудан давраи камолотро сипарӣ мекунад, камолоти ҷисмонӣ ва камолоти маънавӣ. Камолоти ҷисмонӣ хоси ҳама махлуқот аст. Вале камолоти маънавӣ бузургтарин неъмати илоҳист, ки ба инсон ҳадя шудааст. Зеро инсон дорои ақлу хирад аст ва тавассути хиради хеш ҷаҳонро бо тамоми мазоҳиру падидаҳои печдарпечу мухталифу пуртаззодаш дониста мегирад. Инсон ҳамчун хулосаи ҳастӣ аз замоне, ки худро мешиносад ба шинохту маърифати ҷаҳон оғоз мекунад. Барои кӯдаке, ки навакак забон кушодаву нахустин калимаҳоро ёд гирифтааст, ҳама чиз шигифтангезу ҳайратовар аст. Тулӯи хуршед, дурахшии моҳу ситораҳо, осмони нилӣ, раъду барқ, ҳаракати васоити нақлиёт, хулласи калом ҳама чиз тозаву шавқангез ва пурсишзо мебошад. Саволҳои зиёде дар пардаи зеҳни кӯдак