Понедельник, 30 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Дунё саросар пур аз шодиву хурсанди…

Дунё саросар пур аз шодиву хурсанди…

Неки бимонад човидон

Статьи
Нек, хуб, нағз, хуш рамзи амалу кирдори писандидаи одамон буда, муқобили бад аст. Ҳар амале, ки бо диди нек анҷом пазирад, подошаш низ хуш мегардад. Некӣ аз шумори он хасоили ҳамидаи инсонист, ки тӯли таърих дар рафтору кирдори одамон зоҳир гашта, то имрӯз мисли як амали хайр мақоми шоиста дорад. Инсонҳои шарифу некбин маҳз ба василаи некӣ номи худро ба гузаштаи олам ворид кардаанд. Барои иҷрои ин амали савоб ҷоннисорӣ ва аз худ гузаштанҳо лозим меояд. Новобаста ба он, ки амали хуб мукофот мегирад ё на, мо бояд ба иҷрои корҳои шоиста иқдом намоем. Дар ин бора Саъдии Шерозӣ гуфтааст: Нек бошӣ бадат гӯяд халқ, Беҳ, ки бад бошию некат донанд. Ҳар кӣ дар олам пайваста бо некӣ кӯшид, умри абад ёфт. Накӯкории азли сахо, ҷонбозиҳои қаҳрамонон, шабзиндадории орифону шоирон ҳамчун нишони амали нек