Четверг, 9 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Ду гург

Ду гург

Ду гург

Рассказы
Замоне як пирмард ба набераи худ ҳақиқити зиндагиро кушод. Дар ботини ҳар як инсон мубориза меравад, ба монанди муборизаи ду гург. Як гург бадӣ - бахилӣ, рашк, афсӯс, худбинӣ, такаббур ва дурӯғро муаррифӣ мекунад. Гурги дигар бошад, дар худ хубӣ - сулҳ, муҳаббат, умед, ҳақиқат, некӣ ва вафодориро нишон медиҳад. Кӯдаки хурдакак, ки суханҳои бобояш ба ӯ сахт таъсир карда буданд, чанд дақиқа ба фикр фурӯ рафт ва баъд пурсид: -Кадом гург дар охир ғолиб меояд? Пирамард ноаён табассум кард ва ҷавоб дод: -Ҳама вақт он гурге, ки ту парвариш мекунӣ, ғолиб меояд.