Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Демография ва Демогеография

Демография ва Демогеография

Афзоиши ахоли ва конуниятхои он

Демография
1. Демография ҳамчун илм дар бораи таҷдид, миқдор ва сохтори аҳолӣ; 2. Афзоиши аҳолӣ ва қонуниятҳои он; 3. Омилҳои ба афзоиши аҳолӣ таъсиркунанда; 4. Нишондиҳандаҳои афзоиши аҳолӣ. 1. Демография ҳамчун илм дар бораи таҷдид, миқдор ва сохтори аҳолӣ Калимаи "демография" аз ду калимаи юнонӣ иборат аст: demog-халқ ва grapho-менависам, яьне "халқнависӣ" ва ё тасвири аҳолӣ аст. Вале демография аз ибтидои таърихӣ наздик 3,5 асраи худ фақат ба тасвири аҳолӣ машғул нашуда, ҳамеша предмети омӯзишу тадқиқоти он масьалаҳои мухталиф ва васеъро дарбар мегирифт: шумораи аҳолӣ ва тағйирёбии он, сохтори демографии аҳолӣ (ҳайати ҷинсӣ, синну солӣ, ҳайати оилавии аҳолӣ), ҳодиса ва равандҳои демографии аҳолӣ (таваллуд ва таваллуднокӣ, фавт ва фавтнокӣ, издивоҷ ва талоқ), афзоиши аҳолӣ ва қонуниятҳои он ва ғ.