Понедельник, 6 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Дархост чист?

Дархост чист?

Дархост (Заявка)

Документация
Дархост санадест, ки дар он аз мақомоти расмӣ, сардор, роҳбар матлабе дархост карда мешавад. Он ба унвони мақомоти расмии муассисаву корхона навишта мешавад. Ҷузъҳои асосии дархост: 1. Номи муассиса ва ному насаби роҳбар; 2. Номи санад; 3. Матн; 4. Ному насаб ва вазифаи дархосткунанда (ё дархосткунандагон); 5. Имзо; 6. Таърихи навишти санад. Намунаҳо: Ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ⁄  ⁄  Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон профессор Одинаев С. Дархост       Аксари факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз хизматрасонии шабакаи Интернет баҳравар мебошанд. Донишҷӯёни факултаи иқтисод ва идора хоҳиши ба шабакаи Интернет пайваст шуданро доранд, ки ин талаботи замони муосир мебошад. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои дар факултаи мо насб намудани ин шабака иҷозат ф