Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Дар бораи донишу донишандузи

Дар бораи донишу донишандузи

Чахонро ба дониш тавон ёфтан

Статьи
Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. (Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ) Ҷаҳони муосир ниёз ба пешрафти илму техника дорад. Аҳолӣ дар курраи замин то рафт меафзояд, талаботи истеъмолӣ зиёд мегардад. Таъминоти аҳолӣ бо хӯрока ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз табдил ёфта истодааст. Ба замин хатарҳои азим, ба монанди офатҳои табиӣ (тӯфон, обхезӣ, заминларза), гармшавии иқлим, афтиши ҷирмҳои осмонӣ таҳдид менамоянд. Пешрафти илмиву техникӣ дар ин ҷода то андозае моро барои раҳоӣ ёфтан кӯмак мерасонанд. Машриқзаминро дар гузашта "гаҳвораи илм" мехонданд. Онҳоро ба ҷаҳониён Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар донишмандон муаррифӣ намудаанд. Кашфиёти ин олимони беҳамтои ҷаҳонӣ ҳазорсолаҳо арзиши худро аз даст намедиҳад. Дар гузаштаи дур идеяи сохтани ҳавопаймов