Понедельник, 30 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Чазои хилагар

Чазои хилагар

Чазои хилагар

Чазои хилагар

Сказки
Буд, набуд, як рӯбоҳ буд, рӯбоҳи айёр буд, ба хӯрдан тайёр буд, тоқати кор кардан надошт, aз меҳнат безор буд. Як pӯз аз танҳоӣ зиқ шуду ба сари роҳ баромада бо сангпушту мӯрча вохӯрд. -Ту кӣ? - пурсид аз сангпушт! -Мана мепурсӣ? Ман сангпушт. -Ин ҷонварак чӣ? - Рӯбоҳ мӯрчаро нишон дод. Ин дӯсти ман - мӯрча. -Дӯсти ман мегӯӣ? - тамасхур кард рӯбоҳ. Ту магар аз зоти хазандаҳо нестӣ? -Ҳа, ман хазандаку, тасдиқ кард сангпушт. -Ин мӯрча аз зоти ҳашаротку, чӣ xел ин кати ту дӯст шуд? Чӣ фарқаш ҳаст, ин ҳам ҷонвар, ман ҳам ҷонвар, гуфт сангпушт. Рӯбоҳ ин гапро шунида, фикр кард, ки чонварҳои нодонро фиреб кардан даркор. Чунон фиреб кардан даркор, ки як умр фаромӯш накунанд. Агар ҳамин хел накунам, номи ман рӯбоҳ лақабам айёр нест, қасам хӯрд рӯбоҳ дар дилаш. -Набошад, ман ҳам ба шумоён дӯст, гуф